Маъмури пешини пулиси Тошканд ба таҷовузи ноболиғ гунаҳкор шуд
Додгоҳи ноҳияи Бостонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон як корманди пешини пулисро дар таҷовузи духтари 13-сола айбдор эълом ва 15 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукм 25 декабр содир шуд ва назари пулису наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.