Эмомалӣ Раҳмон: соҳибкорон моро аз гарданкаҷию муҳтоҷӣ раҳонданд
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба порлумон гуфт, соҳибкорони кишвар дар як соли ахир дар марз бо Афғонистон 75 иншооти сарҳадӣ сохтаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз кори соҳибкорон дар кишвар тавсиф карда гуфт, “мо аз гарданкаҷию муҳтоҷӣ” барои сохтани дидбонгоҳ дар сарҳад бо Афғонистон берун шудем.