"Садҳо ҷасад меорем." Вокуниши Раҳмон ба масъалаи муҳоҷирон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр дар паёмаш ба порлумон аз вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус занон, изҳори нигаронӣ кард, аммо мушаххас аз ягон қазия ёд наовард. Муҳоҷирони тоҷик имсол аз амалиёти пайваста ва фишору азияти пулиси Русия шикоят доштанд.