Сӯҳроби Зафар: "Ба самимӣ буданаш шак дорам"
Баъзе аз намояндагони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа мегӯянд, ки паёми имсолаи президенти Тоҷикистонро ба порлумон диданд, аммо ба самимӣ будани бахшҳое аз он шак доранд. Аз ҷумла, ба изҳороти камсобиқааш дар мавриди муҳоҷирони тоҷик ва маргу мири онҳо.