Путин бори панҷум дар курсии президентӣ савганд ёд мекунад
Владимир Путин рӯзи 7-уми май бори панҷум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд мекунад. Расонаҳои маҳаллии Русия навиштанд, маъракаи қасамёдкунии Путин соати 12 ба вақти Маскав оғоз шуда, ҳудуди як соат идома мекунад.