Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2025

"Даъвои Зарифӣ, Ҳакимов, Атоӣ ва Ғанизода шунида шуд"

0

"Даъвои Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Нураҳмад Ғанизода шунида шуд." Як манбаи огоҳ аз парвандаи машҳури "табаддулот" дар Тоҷикистон, ки нуҳ касро дар бар мегирад, рӯзи аввали баррасии шикояти маҳкумшудаҳоро чунин тасвир кард, аммо ҷузъиёт надод. Қаблан онҳо худро бегуноҳ дониста буданд.

Баррасии шикояти маҳкумшудаҳо рӯзи 1-уми апрел ботаъхир, вале чун баррасиҳои зинаи аввал паси дарҳои баста, бе ҳузури пайвандон ва хабарнигорон дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе доир шуд. Танҳо вакилони мудофеъро роҳ доданд.

Ҷаласа рӯзи 2-юми апрел давом мекунад ва интизор меравад, ки даъвои боқии маҳкумшудаҳо ва вакилони дифояшон шунида шавад. Бо фарқ аз додгоҳи марҳилаи аввал, ҷаласаи зинаи кассатсиониро се додраси Додгоҳи олӣ доварӣ мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврал ва пас аз баррасии беш аз ҳафтмоҳа 9 тан аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоиро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард:

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 27 сол;Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол;Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 19 сол;Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 18 сол;Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол;Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол;Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати ВКХ – 17 сол;Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов –8 сол.Наздикони баъзе аз онҳо рӯзи 17-уми феврал хоҳони бозбинии ҳукм, озодии пайвандон ва бекор шудани мусодираи молу амвол шуданд. Ҳамчунин, 130 бонуи фаъол дар номае аз раисҷумҳури Тоҷикистон озодии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва модари ду кӯдакро дархост карданд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз пайвандони маҳкумшудагон, онҳо то ҳол натавонистаанд, ки наздиконашонро дар Боздоштгоҳ бубинанд. Дар Додгоҳи олӣ ба онҳо гуфтаанд, ки "ҳоло иҷоза нест, мунтазир шавед."

Вакили мудофеи яке аз маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ин бора ба сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам нома фиристоданд, "вале ҳеч ниҳод посух надод".

Видеоро дар инҷо бинед:







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России