Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2025

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ

0

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бозии даври дувуми гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ шаби сешанбеи 8-уми апрел дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, доир шуд.

Бозӣ бо бартарии комили футболбозони навраси кореягӣ сурат гирифт. Онҳо ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг – Сонг дар дақиқаҳои 50-ум ва 58-ум зад. Голи сеюмро Ри Канг - Рим дар дақиқаи 82-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “D” байни дастаҳои мунтахаби наврасони Уммону Эрон бо ҳисоби 3:2 ба суди уммониҳо хотима ёфт.

Ба ин тартиб, ҳарчор дастаи гурӯҳи “D” шонси ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шуданро нигоҳ доштаанд. Бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар ин гурӯҳ ду дастаи беҳтаринро муайян мекунанд.

Футболбозони навраси тоҷик бозии севумашонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 рӯзи ҷумъаи 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”, бо ҳамсолони худ аз Эрон анҷом медиҳанд.

Дар бозии дигари даври ниҳоӣ дар ин гурӯҳ 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, дастаҳои наврасони Уммону Кореяи Шимолӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳарду бозии даври сеюм соати 22:15 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мутахассиси итолиёӣ Марко Раҷини, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), гуфт, “тими Эрон барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем ва бозиҳои мо ҳамеша душвор мегузаштанд.”Бар асоси қуръакашӣ, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд:гурӯҳи «А» - Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Тайланд, Чин;гурӯҳи «В» - Ҷопон, Австралия, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;гурӯҳи «С» - Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Афғонистон, Индонезия;гурӯҳи «D» - Эрон, Тоҷикистон, Уммон, Кореяи Шимолӣ.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.

То ҳоло се даста - Узбекистон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “А”), Индонезия (гурӯҳи “С”) – пешакӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шудаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:ҶДАСТАҲОИ МУНТАХАББҒМБТ/ТИ1Кореяи Шимолӣ21104-142Тоҷикистон21012-433Уммон21014-434Эрон20113-41Даври 3-юмОғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе

Эрон - ТоҷикистонҶидда, варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”11-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе

Уммон – Кореяи ШимолӣҶидда, варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России