Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2025

Дар Душанбе мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ доир мешавад

0

Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе 26-уми апрел дар майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори шашум сурат мегирад, 108 варзишгар аз 25 кишвар дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 кг ва +95 кг байни мардон рақобат мекунанд. Занон танҳо дар вазни то 70 кило ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Мардон

Вазни 65 кг: Муллораҷаб Халифаев, Суҳроб Боқиев, Муслимбек Каримов, Сарвар Абдушукуров;

Вазни 78 кг: Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев;

Вазни 95 кг: Исроил Раҳимов, Улуғбек Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Муҷиб Меҳробҷонзода;

Вазни +95 кг: Шакармамад Мирмамадов, Шарифҷон Назриев, Дадахон Қурбоналиев, Фирдавс Насимов.

Занон

Вазни 70 кг: Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева.

Бояд зикр намуд, паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки соли гузашта корномаи варзишии худро дар риштаи ҷудо ба анҷом расонида буд, ҳоло дигарбора ба майдони набард бармегардад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи панҷуми байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” беш аз 200 варзишгар аз 40 кишвар ширкат варзиданд.

Мардон аз рӯи панҷ вазн ва занон аз рӯи ду вазн рақобат карданд. Байни мардон дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-78 кг) ва Умар Расулов (-86 кг) - ғолиб шуданд.

Дар як вазни дигар (+86 кг) паҳлавон аз Узбекистон Шермуҳаммад Ҷондреев пирӯз гардид.

Дар байни занон Ли ван Тин аз Чин дар вазни зери 57 кило ва Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳибони медалҳои тило шуданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» мақоми байнулмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштигирӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардид.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России