Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2025

"Зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтаанд". Додгоҳ ҳукми як куштор дар Конибодомро тағйир надод

0

Пайвандони ду сокини Конибодом, ки бо гумони куштор, ба бист сол зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ҳақталошии дусолаи онҳо натиҷае надодааст. Ба гуфтаи онҳо, додгоҳ натавонистааст исбот кунад, ки Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов дар куштори Зиёвуддин Кимсанов даст доранд.

Додгоҳи вилояти Суғд соли гузашта Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфовро дар куштори Зиёвуддин Кимсанови 48-сола гунаҳкор донист ва ҳар якеро барои 20 сол, равонаи зиндон кард.

Ҳодиса тобистони соли 2023 дар шаҳри Конибодом рух дод ва ҳукм охири соли 2024 содир шуд. Ду хонавода ба бегуноҳии наздиконашон бовар доранд. Вале тафтиш гуфт, онҳо ин қатлро ба гардан гирифтаанд. Аммо наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ки онҳо зери шиканҷа гуноҳро пазируфтаанд.

Раҳим Раҷабов, бародари Аюб Раҷабов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "вай дар додгоҳ гуфт, ки "ҷигарам, гурдаам тамом шудааст, ҳатто ман якуним моҳ аз ҷоям хеста натавонистам. Қабурғаам шикастагӣ. Даҳ рӯз маро ба ток (барқ) монданд".

Ҳамида Холиқова, ҳамсари Мансур Юсуфов ҳам бо такя ба суханони шавҳараш мегӯяд, "дар ин ҷо бо зӯроварӣ, ҳама чизро сохтакорӣ кардаанд. Шавҳарам умуман шахсе бо номи Кимсановро надидааст, намешиносад ва боре ҳам ҳамгап нашудаанд".

Раҷабовҳо ва Юсуфовҳо қариб ду сол боз дари мақомотро мекӯбанд, то парванда одилона таҳқиқ шавад.

Нафиса Абдуқаҳҳорова, ҳамсари Аюб Раҷабов мегӯяд, "шавҳарам Раҷабов Аюбҷон гуфтанд, ки ман ин корро накардаам. Ман аз судя талаб мекунам, ки касе ба гарданамон монда бошад, инҷо омада, исбот кунад. Шарикашон ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд, ки ин корро мо накардаем".

Киштзори Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов паҳлуи ҳаманд ва онҳо барои обёрии он аксаран ҳамроҳ мерафтанд. Замини Зиёвуддин Кимсанов ҳам андаке дуртар аз киштзори онҳо ҷойгир будааст. Ҳодисаро касе надидааст, вале Кимсанов гӯё дар ҳамин ҷо кушта шудааст.

Шарофиддин Кимсанов, падари Зиёвуддин Кимсанов мегӯяд, "мо надидаем, шояд "чаро обро кушодӣ", гуфта, ҷанҷол кардаанд? Хуллас, онҳо ду нафар бо бачаи ман занозанӣ карда, беҳуш намудаанд. Шояд кушта, баъд ба як чуқурии регзор партофтаанд. Ба фикрам, пояшро шикастаанд, чунки дар ҷасад чунин дидем. Дигар пояш буд. Сарашро дар ташхис маълум карданд, ки шояд бо бел ё каланд устухонашро шикастаанд".

Зиёвуддин Кимсанов, сокини деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом рӯзи 30-уми июни соли 2023 ба таври мармуз нопадид шуд ва ҳудуди як баъд моҳ, ҷасади ӯ аз ғоре пайдо карданд.

Ба қавли пайвандонаш, ҷасади ӯро барои дафн баъди як моҳи пайдо шудан, яъне пас аз қариб ду моҳи кушта шуданаш ба наздикон доданд. Тӯли ин муддат мақомот гуфтанд, ки ҷасади ӯро ташхис карданд, то нишонае аз қотилон маълум кунанд.

Гирифтани назари сокинону деҳқонони дигар ба ин ҳодиса мушкил аст. Ҳарду ҷониб мегӯянд, ки то сар задани ин ҳодиса, шоҳиди ҳеҷ гуна муноқишае барои об нашуда буданд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России