Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2025

Тими наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2025 шуд

0

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2025 дар шаҳри Тошканд ғолиб шуд.

Футболбозони навраси тоҷик зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов 31-уми май дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 байни бозигарони то 17-сола дар Тошканд бар тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд.

Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дастаи ғолиб дар замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) муайян шуд. Футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 4:3 ғалаба карда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ба дастаи Узбекистон барои ҷойи дуюм медалҳои нуқра супурда шуд.

Дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол карданд, 30-юми май барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовӣ (0:0) хотима ёфт. Дар задани силсилзарбаҳои пеналти кори туркманҳо омад кард – 7:6.

Мунтахаби Туркманистон ҷойи сеюмро гирифт ва бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Дастаи Қирғизистон чаҳорум шуд.

Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойи панҷум миёни тимҳои Эрону Афғонистон доир гардид, ки бо пирӯзии эрониҳо бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 бо иштироки шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – аз 24-ум то 31-уми май дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд доир гардид.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» - Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон; гурӯҳи «B» - Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон.

Дар аввалин бозии гурӯҳи «А» мунтахаби Узбекистон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Дар даври дуюм дар ин гурӯҳ мунтахаби Қирғизистон бар тими Эрон бо ҳисоби 4:3 дастболо шуд. Бозии ниҳоии ин гурӯҳ байни тимҳои Узбекистону Эрон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:2 ба поён расид.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”: 1. Узбекистон – 6 имтиёз (9-3). 2. Қирғизистон – 3 имтиёз (5-8). 3. Эрон – 0 имтиёз (5-8).

Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “В” мунтахаби Туркманистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар даври дуюм Тоҷикистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозии даври ниҳоӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба суди наврасони тоҷик хотима ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”: 1. Тоҷикистон – 6 имтиёз (7-1). 2. Туркманистон – 3 имтиёз (2-4). 3. Афғонистон – 0 имтиёз (0-4).

Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб карда, ба финали мусобиқот роҳ ёфт ва дар бозии ниҳоӣ ба ғолиби гурӯҳи “А” – Узбекистон – бо ҳисоби 4:3 пирӯзӣ ба даст овард.

Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии Далер Каёсов бори сеюм ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии CAFA гардид. Қаблан Каёсов бо тими наврасони кишвар солҳои 2022 ва 2023 дар ин мусобиқот пирӯз шуда буд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России