Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2025

Тими ҷавонони Тоҷикистон Афғонистонро шикаст дод

0

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври аввал дар гурӯҳи “А” байни футболбозони ҷавони Тоҷикстон (U-18) ва Афғонистон (U-20) шаби сешанбеи 10-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.

Голҳоро футболбозони ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода дар дақиқаи 15-ум ва Зариф Зарифзода (90+6) аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба самар расонданд.

Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “В” тими ҷавонони Эрон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқот рӯзи панҷшанбеи 12-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои Қирғизистон – Афғонистон ва Узбекистон – Туркманистон баргузор мешаванд.

Дастаи Тоҷикистон, ки дар даври дуюм истироҳат мекунад, дар даври сеюм рӯзи шанбеи 14-уми июн бо тими Қирғизистон рақобат хоҳад кард.

Тибқи низомномаи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм рӯбарӯ хоҳанд шуд. Инчунин барои ҷойи панҷум бозии тасаллобахш баргузор мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA U-20

Гурӯҳи «А»

ТоҷикистонҚирғизистон

Афғонистон

Гурӯҳи «В»

Эрон

Узбекистон

Туркманистон

Даври 1-ум

Гурӯҳи “А”

Афғонистон – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Абдулло Иброҳимзода, 15 (0:1). Зариф Зарифзода, 90+6 – аз пеналти (0:2).10-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи “В”

Туркманистон – Эрон – 0:110-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм12-уми июн (панҷшанбе)17:00 – Қирғизистон - Афғонистон21:00 – Узбекистон - Туркманистон

Турсунзода, варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”

Даври 3-юм14-уми июн (шанбе)17:00 – Эрон - Узбекистон21:00 – Тоҷикистон - ҚирғизистонҲисор, Варзишгоҳи марказӣ

Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 ширкат мекунанд.Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России