Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2025

Ниммарафони байналмилалии “Ҳафткӯл-2025”дар Панҷакент мегузарад

0

Рӯзҳои 1-3-юми августи соли равон дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткул-2025» дӯстдорони варзиши экологиву сайёҳии «трейлраннинг» (пиёдагардӣ дар масири кӯҳистон) аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзида, дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки «трейлраннинг» яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Он на танҳо давидан, балки озмоиши ҳақиқии устуворист, ки инсонро ба табиат наздиктар месозад.

Варзишгарон бо иштироки худ дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2025» на танҳо қувва меозмоянд, инчунин дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, аз табиати нотакрор ҳаловат мебаранд.

Яке аз ҳадафҳои асосии ниммарафон баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани дави варзишӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд дар мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ байни варзишгарон ва барқарорсозии саломатии онҳо нақши муҳим бозида, ҳар як иштироккунанда таассуроти бою рангин мебардорад ва руҳану ҷисман ба табиат наздик мешавад.

Ба назари коршиносон, бо назардошти мушкилоти экологӣ, ки имрӯз сайёраро фаро гирифтааст, баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, рушди варзиши сабук ва оммавӣ намудани он мусоидат менамояд.

Ташкилкунандагони Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии “Ҳафткӯл-2025” барои ғолибон ҷоизаҳои молӣ ва тӯҳфаҳо таъсис додаанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2024» беш аз 200 варзишгар аз 12 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Ниммарафон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир гардид.

Қалби иштирокдорони Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2024»-ро манзараҳои ҷолиби табиати Тоҷикистон - кӯҳҳои баланд, обҳои мусаффои кӯлу дарёҳо, олами наботот - тасхир карданд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России