Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2025

Раиси Оҷонсӣ: мансабдорон баъди нафақа ба ҳаҷ раванд

0

Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, мақомдорони давлатӣ беҳтар аст баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.

Раиси Оҷонсӣ гуфт, қонунгузорӣ барои рафтани хизматчиёни давлатӣ барои адои маносики ҳаҷ маҳдудияте пешбинӣ накардааст, вале ба назари шахсии ӯ, мансабдорон баъди ба нафақа баромадан ин корро анҷом диҳанд хубтар аст.

"Хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ, дар хизмати давлатӣ кор кардӣ бояд содиқона, сидқану шаффоф ба давлату миллат хизмат кунӣ. Баъд аз он, ки ба нафақа баромаданд, аз хизмати давлатӣ озод шуданд, марҳамат рафтанд гиранд,"-афзуд Идрис Илёсзода.

Ин посух дар ҳоле садо медиҳад, ки миёни кормандони идораҳои давлатӣ чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо рафтан ба ҳаҷ, эҳтимоли аз кор озод шуданашон ҷой дорад. Роҳбари Оҷонсии хизмати давлатӣ гуфт, дар ин мавзуъ аз хизматчиёни давлатӣ ягон шикоят нагирифтаанд.

Чанд тан аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон борҳо дар ҷараёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, ҳамроҳи раиси ҷумҳур ҳаҷҷи умраро адо кардаанд.

Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.

Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России