Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2025

Беш аз 100 созмони кӯмакрасон дар бораи "қаҳтӣ" дар Ғазза ҳушдор доданд

0

Беш аз 100 созмони имдодрасон ҳушдор додаанд, ки "қаҳтии васеъ" дар Ғазза дар ҳоли густариш аст. Онҳо хостори эҷоди як долон ё каридори имдодӣ ба аҳолии Ғазза шуданд.

Яксаду ёздаҳ созмони имдодрасонӣ аз ҷумла, Табибони бидуни марз, Наҷоти кӯдакон ва Oxfam рӯзи 23 июл ҳушдор доданд, "ҳамкорони мо ва касоне, ки ба онҳо хидмат мекунем, дар ҳоли марг ҳастанд".

Ин гурӯҳҳо хостори барқарории оташбас, бозкушоии ҳамаи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҷараёни кӯмакҳо аз тариқи ниҳодҳои зери раҳбарии СММ, шуданд.

Исроил бо фишорҳои зиёди байналмилалӣ бинобар вазъияти фоҷеабори инсонӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ рӯбарӯ аст. Беш аз ду миллион нафар аз сокинони Ғазза пас аз 21 моҳ даргирӣ, бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва дигар ашёи мавриди ниёзи аввал, рӯбарӯ ҳастанд.

СММ рӯзи 22 июл эълон кард, ки нерӯҳои исроилӣ аз замони оғози кори "Бунёди башардӯстонаи Ғазза", ки аз сӯи Амрико ва Исроил дар охирҳои моҳи май ташкил шуд, беш аз 1000 фаластиниро, ки талош доштанд кӯмаки ғизоӣ дарёфт кунанд, куштаанд.

Созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ дар баёнияи худ гуфтаанд, ки анборҳо бо ҳазорон тонна мавод ва ашёи зарурӣ дар берун аз навори Ғазза ва ҳатто дар дохили он, дастнохӯрда боқӣ мондаанд, зеро иҷозаи дастрасӣ ё тақсими коло дода намешавад.

Ба гуфтаи онҳо, "фаластиниҳо байни умед ва ноумедӣ қарор доранд ва мунтазири кӯмак ва оташбас ҳастанд". Ин созмонҳо меафзоянд, "ин фақат азоби ҷисмӣ нест, балки азоби рӯҳӣ аст".

Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, рӯзи 22 июл гуфт, ки "ваҳшат"-и пешрӯи фаластиниҳои Ғазза ба хотири ҳамлаҳои низомии Исроил дар солҳои ахир бесобиқа будааст.

Раиси калонтарин бемористони Ғазза рӯзи 22 июл гуфт, ки 21 кӯдак дар се рӯзи гузашта бинобар камхӯрокӣ ва гуруснагӣ дар қаламрави фаластиниҳо, ҷони худро аз даст доданд.

Амрико эълон кард, ки Стив Виткофф, фиристодаи вижаи ин кишвар, қарор аст барои гуфтугӯ дар бораи Ғазза ба Аврупо сафар кунад ва мумкин аст пас аз он ба Ховари Миёна биравад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико ба хабарнигорон гуфт, "Виткофф бо ин умеди қавӣ хоҳад рафт, ки мо як оташбаси дигар ва ҳамчунин як долони башардӯстона барои ҷараёни кӯмакҳо, ки дар воқеъ ҳар ду тараф бо он мувофиқат кардаанд, хоҳем дошт".

Дар навбати худ, Исроил мегӯяд, ки кӯмакҳои башардӯстона иҷозаи вуруд ба Ғаззаро доранд ва "Ҳамос"-ро ба сӯистифода аз ранҷи ғайринизомиён, аз ҷумла, бо аз худ кардани кӯмакҳои ғизоӣ барои фурӯш бо нархҳои боло ё тирандозӣ ба касоне, ки мунтазири кӯмак ҳастанд, муттаҳам мекунад.

Дар иваз, гурӯҳҳои фаластинӣ Исроилро ба сӯистифода аз вазъи пешомада ва қаҳтӣ, муттаҳам мекунанд, ки ғайринизомиёнро ба қатл мерасонад.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России