“Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо “Ал-Наср” бозӣ мекунад
Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи «D» 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Бозӣ соати 21:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 23:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ба иттилои маркази матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе, ки рӯзи 15-уми сентябр вориди Арабистони Саудӣ шуданд, дар шаҳри Риёз нахустин тамрини худро зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко анҷом доданд.
Тибқи нақша 16-уми сентябр даста тамрини худро дар майдони асосии бошгоҳи “Ал-Наср” доир намуда, инчунин намояндагони “Истиқлол” дар ҷаласаи пеш аз бозӣ ва нишасти матбуотӣ иштирок мекунанд.
Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бошгоҳҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлати Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон мебошанд.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.Ёдовар мешавем, ду сол пеш "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо тими "Ал-Наср" ду бозӣ анҷом дода буд. Душанбегиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бозиро дар майдони худ мусовӣ (1:1) карда буданд.
Дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт. “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош кард, вале ба орзуяш нарасид.“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол карданд. Ин ду даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.
Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «D»
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
«Ал-Завра» (Ироқ)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Гоа» (Ҳиндустон)
Даври 1-ум17-уми сентябр (чоршанбе)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 2-юм1-уми октябр (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)
Даври 3-юм22-юми октябр (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ)
Даври 4-ум5-уми ноябр (чоршанбе)
«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 5-ум26-уми ноябр (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Даври 6-ум24-уми декабр (чоршанбе)
«Гоа» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
