Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2025

"Истиқлол" дар Риёз аз "Ал-Наср" бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд

0
Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 аз тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври якум дар гурӯҳи D шаби чоршанбеи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи Шоҳ Сауди Донишгоҳи шаҳри Риёз баргузор шуд.
Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт. Онҳо дар нимаи аввали дидор ду гол заданд. Абдураҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа Ангело голи дуюмро ба самар расонд. Се голи дигарро Уэсли Тейшера (дақиқаи 59-ум), Кинсли Коман (89) ва Садио Мане (90+3) заданд.
«Ал-Наср» солҳои ахир бо ҷалби бозигарони номдор ба ҳайати худ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Бахусус, ҷалби ситораи дурахшоне, ба мисли Криштиану Роналду, боиси афзоиши ҳаводорон дар сатҳи байналмилалӣ шуд. Аммо ин ҳамлагари 40-солаи португалӣ дар ин бозӣ иштирок надошт. Сармураббии тими “Ал-Наср” Жоржи Жезуш, мутахассиси 71-солаи португалӣ, ба капитани даста Криштиану Роналду имкон дод, ки дар ин бозӣ истироҳат намояд.
Бозигарони “Истиқлол” дар қиёс бо футболбозони “Ал-Наср” хеле заиф буданд. Сармураббии тими “Истиқлол” Игор Черевченко, мутахассиси 51-сола, ба иллати беморӣ ба Риёз сафар накард. Даста дар ин бозӣ зери раҳбарии Юрий Батуренко, мутахассиси 60-сола, иштирок намуд.
Дар бозии дигари даври якум дар гурӯҳи D тими “Гоа”-и Ҳиндустон 17-уми сентябр дар майдони худ аз дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Голҳоро Розиқ Банӣ Ҳанӣ дар дақиқаи 44-ум ва Низор Ал-Рашдан (90+5) ба самар расонданд.
Бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2025/26 рӯзи чоршанбеи 1-уми октябр баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими ГОА-и Ҳиндустон рақобат мекунад. Бозӣ соати 18:45 оғоз меёбад.
Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи D “Ал-Наср” дар меҳмонӣ бо “Ал-Завра” вориди рақобат мегардад. Ин бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи D ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бошгоҳҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлати Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон мебошанд.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.Ёдовар мешавем, ду сол пеш "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи Е бо тими "Ал-Наср" ду бозӣ анҷом дода буд. Душанбегиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бозиро дар майдони худ мусовӣ (1:1) карда буданд.
Дар ҷадвали гурӯҳи Е дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт. “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз зинаи дуюм ,“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол намуданд. Ин се даста аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2025/26


Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи D
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
«Ал-Завра» (Ироқ)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Гоа» (Ҳиндустон)


Даври 1-ум
«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2
Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру


«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)-- 5:0
Голҳо: Абдураҳмон Ғариб, 14 (2:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Ромиш Насруллозода (Манучеҳр Сафаров, 56), Марлен Чобанов, Кирилл Суслов, Рудолф Туркай, Табрез Исломов, Ҷозеф Окоро, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Пол Камолафе (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷурабоев, 56).
Беҳтарин бозигари дидор: Уэсли Тейшера («Ал-Наср»).
Корти зард: Абдуллоҳ Ал-Амрӣ, Уэсли Тейшера («Ал-Наср»), Ҷозеф Окоро, Ромиш Насруллозода(«Истиқлол»).
Сардовар: Ко Хюнг Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ).17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D


ҶДастаҳоБҒМБТИ1“Ал-Наср”11005-032“Ал-Завра”11002-033“Гоа”10010-204“Истиқлол”10010-50

Даври 2-юм1-уми октябр (чоршанбе)


18:45 - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ


23:15 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра






Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России