Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29
30
31

Дар Тоҷикистон аз соли оянда дастаҳои занонаи футбол рақобат мекунанд

0

Мавсими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон бо ширкати 12 даста 6-уми марти соли 2026 оғоз меёбад. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе доир гардид, гирифта шуд.

Ҳамчунин тартиби нав барои маҳдудияти бозигарони хориҷӣ низ тасдиқ гардид. Дар мавсими 2026 ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархост ворид карда, дар як вақт панҷ легионерро ба майдон барорад.

Варзишгоҳи марказии Ҳисор ҳамчун макони баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 байни қаҳрамони кишвар - «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - тасдиқ шуд. Бозӣ 23-уми май баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, кумитаи иҷроияи ФФТ баргузории бозиҳои даврҳои 1/8- ниҳоӣ, чорякниҳоӣ ва ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро тасдиқ кард, ки дар ҳар як марҳила дастаҳо ду бозӣ мекунанд. Бозии ниҳоии мусобиқа дар варзишгоҳи «Вахш-Арена»-и шаҳри Бохтар доир хоҳад шуд.

Бо тавсияи кумитаи иҷроия Лигаи футболи Тоҷикистон бояд бунёди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистонро зиёд карда, мукофотпулиро барои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ таъсис диҳад.

Аз мавсими нав сар карда, ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ бояд як бозигари ҷавони соли таваллудаш 2008 ё ҷавонтарро ба ҳайати асосӣ дохил кунад. Ин бозигарро ҳангоми вохӯрӣ танҳо бо ҳамсолаш иваз кардан мумкин аст.

Тибқи қарори кумитаи иҷроияи ФФТ аз соли 2027 сар карда, бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон бояд дастаҳои занона дошта бошанд. Тавсия дода шуд, ки ин талабот аз соли 2026 ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ санҷида шавад.

Дар ҷаласа ба рушди футзал дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар мактабҳои махсуси футбол дар саросари кишвар гурӯҳҳои футзалро ташкил кунанд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России