Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Ҷузъиёти марги додрасе, ки аз 9-ум ошёна афтод

0

Бо гузашти ду рӯз аз марги додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедзода мақомот расман марги ӯро шарҳ надодаанд. Додситонии шаҳри Душанбе сабаби марги ӯро тафтиш дорад. Додраси тоҷик, рӯзи 13-уми январ аз баландии ошёнаи нуҳум афтода, ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо пайкари додрасро шаби ҳамон рӯз ва пас аз ташхис барои хоксупорӣ ба Бадахшон бурдаанд. Замони ҳузури хабарнигорони мо дари хонаи Ҷамшедзода, воқеъ дар ошёнаи нуҳуми маҳаллаи маъруф ба Гулистони Душанбе баста буд.

Чанде аз ҳамсояҳо гуфтанд, додрас ҳангоми овехтани парда аз балкон ё айвони хонааш афтидааст. Ҳамсояи наздики хонавода гуфт, тақрибан соати 10 рӯзи сешанбе овози доду фарёди ҳамсари додрас ӯро аз хона берун овард. Вақте берун омаданд, диданд, ки ҷасад дар рӯи замин, назди партовгоҳи бино хобидааст.

Дар Додгоҳи конститутсионӣ, ки 7 соли ахир Ҷамшед Ҷамшедзода он ҷо кор мекард, гуфтанд, охирин бор ӯ рӯзи душанбеи 12-уми январ сари кор буд. Рӯзҳои душанбе ва ҷумъ вай дар ин ниҳод рӯзи қабули шаҳрвандон доштааст. Аммо дар рӯзи ҳодиса додрас аз кор ҷавоб гирифтааст. Ҳамкорон мегӯяд, сабаби марги додрас барояшон маълум нест, аммо аз ӯ чун як шахси меҳнатдусту олими хуби илми ҳуқуқ тавсиф карданд.

Ҷамшедзода дар Академияи идоракунии давлатии назди Президент ҳам дарс мегуфтааст ва даҳҳо шогирд тарбия кардааст. Ин ниҳод дар саҳфаи фейсбукии худ марги ӯро талафоти бузург хонд.

Фарзияи расмии марги додрас ва дақиқ нест. Аммо бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фарзияҳои дигари марги ӯ ишора карданд.

Додраси 52-сола солҳо дар муассисаҳои илмиву пажӯҳишии Тоҷикистон кор кардааст. Ҷамшед Ҷамшедзода, номзади илми ҳуқуқшиносӣ буда, аз соли 2011 то соли 2019 узви узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон будааст. Ҳамсар ва се фарзанд доштааст.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России