Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Аввалин Барби барои кӯдакони дархудмонда ё аутизм

0

Ширкати бозисозии амрикоии “Маттел” аввалин лӯхтаки Барбиро барои кӯдакони дархудмонда ё гирифтори аутизм эҷод намуд.

Муаррифии аввалин лӯхтак рӯзи 12-уми январ баргузор шуд ва алакай бо истиқболи бархе чунин кӯдакон ҳам рӯбарӯ шуд. Лӯхтак дар ҳамкорӣ бо як созмони муҳаққиқи ин мавзӯъ (Autistic Self Advocacy Network) сохта шудааст.

Лӯхтаки маъруф ин навбат бо назардошти хусусиятҳои кӯдаконе сохта шудааст, ки тафовутҳои асабӣ доранд, масалан бо қираи чашм нигоҳ мекунанд, гӯшие доранд, ки ғавғои берунаро пахш мекунад ва ё барои муошират аз планшет истифода мекунанд. Барбии нав рафтор ва ҳаракатҳое мекунад, ки хоси кӯдакони дархудмонда аст.

Элли Миддлтон, нависандаи гирифтори дархудмондагӣ, мегӯяд: Умедворам, ки кӯдакони бехабар аз аутизм акнун дар ин бора огаҳии бештар хоҳанд ёфт ва дарк мекунанд, ки як ҳамсинф ё дӯсташон атрофро як каме дигаргунатар аз онҳо қабул мекунанд ва Барби ҳам ба онҳо омӯзиш медиҳад, ки ин як ҳолати оддӣ асту ҷои шарм надорад. Хуб аст, ки як Барбии замонавӣ сохта шуд ва кӯдакон ҳам бо як лӯхтаки махсусе бозӣ карда метавонанд”.

Тоня, модари Пенелопаи 5-сола, ки дархудмондагӣ дорад, бо дидани Барбии нав баробари духтараш хушҳол шудааст. “Барои кӯдакон дидани лӯхтаки мисли худашон хеле олӣ аст. Кӯдакон худро як бахше аз ин ҷомеа ҳис мекунанд ва бозтар мешаванд, калонсолону мураббиҳо барои фаҳмонидани чӣ будани аутизм аз он истифода карда метавонанд”. - гуфт, Тоня модари Пенелопа

Дар Тоҷикистон ҳам садҳо кӯдаки дархудмонда ба сар мебарад ва созмони “Ирода” барои таълиму рушди онҳо ёрӣ мерасонад. Аз Фазлиддин Насриддинов, узви шӯрои мудирони “Ирода” ва падари Камол - як навраси дархудмонда ҳам пурсидем, ки дар машғулиятҳои ин созмон оё аз чӣ бозичаҳое истифода мекунанд? Вай гуфт: Бозичаҳои махсус нест, муқаррарӣ ҳастанд, чун истифодаи ин бозичаҳо мақсад доранд, ки ин равнақ додани муошират, пайдо кардани ягон малака аст. Мақсади асосии гузаронидани машғулиятҳо бо бозичаҳо ин аст, ки баъд тавонанд ин бозиҳоро дар хона низ давом диҳанд. 5-10 сол пеш бозичаҳои дорои маъюбияти физикӣ сохта буданд. Ин бозиҳоро ба бовари ман барои фарогирии кӯдакон истеҳсол карданд. Як вақтҳо саволе пайдо шуд, ки чаро бозичаҳои маъмулӣ ҳастанду бозичаҳои дорои маълулӣ нест? Баъдан саволе эҷод шуд, ки чаро бозичаҳое нест, ки дорои маълулияти зеҳнӣ бошанд?”.

Муаллифони Барби, ки аввалин лӯхтакро 67 сол пеш эҷод кардаанд, дар солҳои пеш инчунин намунаҳои Барбии нобино, Барбии гирифтори синдроми Даун ва ҳам Барби бо диабети навъи 1-уми қандро истеҳсол кардаанд.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России