Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29
30
31

Оҷонсӣ аз поён рафтани нархи билети ҳавопаймоҳо хабар дод

0

Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2025 нархи билет ба хориҷи кишвар 25-30 дарсад поён рафтааст.

Аз ҷумла мақомот мегӯянд, билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия 15-20 дарсад арзонтар шудаанд. Аммо мусофирон, бахусус муҳоҷирон аз гарон будани нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия шикоят доранд.

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия 1400 ва билети бозгашт 2800-3000 сомонӣ аст.

Намояндагони Оҷонсии авиатсия гуфтанд, бо ҳадафи поён бурдани нархи билет чор фурудгоҳи байнулмилалии кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ 40 дарсад тахфиф ё сабукӣ доданд. Дар варақаи матбуотии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ омадааст, нархи билети ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Маскав аз 2580 то 1345 сомонӣ кам шудааст. Ҳамчунин нархи билет аз Душанбе ба Санкт-Петербург 1700 сомонӣ ва Душанбе-Красноярск 1300 сомонӣ таъйин шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин омор мушкил аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳбари Оҷонсии авиатсия пурсид, ки нархи билет дар фасли баҳор аз Тоҷикистон ба Русия ва тирамоҳ аз Русия ба Тоҷикистон гарон мешавад. Ҳабибулло Назарзода мегӯяд, Оҷонсии авиатсия нархи билетҳоро назорат мекунад ва дар сурати беасос боло бурдани нарх иҷозатномаи нуқтаи билетфурӯширо лағв мекунад.

Нархи билет аз Тоҷикистон ба хориҷ, бахусус ба Русия аз шикоятҳои асосии мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.

Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон, азоб мекашанд.

Хабар давоми рӯз такмил мешавад.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России