Паёми видеоии Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари овозаҳо дар бораи ӯ
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур дар талоши дигаре барои рафъи сару садо дар бораи сиҳатии Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикӣ ва видеоии ӯ ба раҳбари Чинро нашр кардааст.
Дар ин паёми 3 дақиқаӣ, ки рӯзи 15-уми феврал дар вебсайт, канали телеграм ва саҳифаи президенти Тоҷикистон дар Фейсбук нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо табрики Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ аз муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар изҳори хушҳолӣ мекунад.
Ӯ дар ин видео мегӯяд: “Боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҷараёни баланди рушдро касб кардаанд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ин видео ҳамчунин мегӯяд: “Бовар дорам, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи соли равон робитаҳои байнидавлатии ду кишварро бо муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.” Маълум нест, ки ин музокирот кай ва дар куҷо сурат мегирад ва мӯҳтавои гуфтугуҳо низ чист.
Агарчӣ дар гузашта дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ паёмҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро катбӣ нашр кардааст, аммо паёмҳои табрикӣ ва видеоии ӯ ба раҳбарони хориҷӣ аҳёнан нашр шудаанд. Аз ин рӯ паёми нави ӯро талоше барои рафъи сару садо дар бораи сиҳатии Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуд.
Дар байни ҷомеа ва ҳам телевизионҳои давлатӣ кам зоҳир шудани ӯ ҳадсу гумонҳои зиёдеро барангехт, ки ӯ гӯё бемор аст, вале баъзе манобеъ гуфтанд, ки барои истироҳат ба ҷазираи Ҳайнани Чин рафтааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки 74 сол дорад, аз соли 1992 Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад ва барои ба даст гирифтани тамоми шохаҳои қудрат ва аъзои хонавода ва ҳампаймонҳои наздикашро дар мақомҳои калидӣ ҷой доданаш танқид мешавад.
Бар тибқи Қонуни асосӣ, агар раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври муваққат ё доим вазифаашро иҷро карда натавонад, масъулияти раҳбарии кишварро раиси Маҷлиси миллӣ бар уҳда мегирад. Мақоме, ки ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, бар дӯш дорад.
