Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Рубен Варданян дар Озарбойҷон ба 20 сол зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Боку Рубен Варданян, соҳибкор ва вазири собиқи Қаробоғи Кӯҳиро ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Озарбойҷон хабар дод.

Варданянро аз рӯи 40 иттиҳом, аз ҷумла маблағгузории терроризм, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ва куштору ғасби пурхушунати қудрат гунаҳкор кардаанд. Худи Варданян ин иттиҳомҳоро намепазирад.

Додситон пештар хоста буд, ӯ ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Рубен Варданянро рӯзи 27-уми сентябри соли 2023, ҳангоми талоши баромадан аз Қаробоғи Кӯҳӣ, дар сарҳади Арманистон боздошт карданд. Он замон ин минтақа пурра зери назари Озарбойҷон буд (Нерӯҳои Озарбойҷон дар ҷанги соли 2020 як бахше аз Қаробоғи Кӯҳиро зери назорат гирифтанд. Ин минтақа дар даргирии соли 2023 пурра таҳти итоати Озарбойҷон даромад.).

Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи раҳбарияти минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ моҳи январи соли 2025 шуруъ шуд. Варданян чанд бор гуфт, ки тафтиш ва мурофиа бо мавридҳои фаровони поймоли қонун ҷараён дорад. Ӯ дар боздоштгоҳ ду дафъа гуруснанишинӣ кард.

Ҷониби Озарбойҷон мегуфт, ҳуқуқи айбдоршаванда ва забоне, ки ӯ ба он гап мезанад, риоя шудааст.

Рубен Варданян муассиси ширкати брокерии "Тройка Диалог" ва мактаби тиҷоратии "Сколково" як замоне ба феҳристи шахсони сарватмандтарини Русия ворид буд. Вай соли 2022 аз шаҳрвандии Русия даст кашида, ба Қаробоғи Кӯҳӣ кӯчид.

Мақомоти Озарбойҷон инро ба шиддат танқид карда, гуфтанд, ки Варданян ба гуфтугӯи сулҳи миёни Арманистону Озарбойҷон, ки бо миёнравии Маскав соли 2020 ба даст омада буд, халал мерасонад.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России