Ҷанг дар Ховари Миёна боиси 10 дарсад боло рафтани қимати нафт шуд
Пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, қимати нафт 10 дарсад афзоиш ёфтааст. Рӯзи якшнабе қимати ҳар бушка нафти хом ба ҳудуди 80 доллар расид. Амрико ва Исроил субҳи 28 феврал ба Эрон ҳамла карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", коршиносон тахмин мезананд, ки бинобар ҷанги ҷорӣ дар Ховари Миёна, қимати ҳар бушка нафти хом мумкин аст ба 100 доллар бирасад.
Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт гуфта мешавад. Беш аз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз кашонида мешавад.
Чандин манбаи гуфтаанд, ки киштиҳои нафткаш пас аз ҳушдори Теҳрон ба киштиҳо барои пешгирӣ аз убур аз гулӯгоҳи Ҳурмуз, фаъолияти худро дар ин масир боздоштаанд.
