Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Тоҷикистон $187 млн қарзашро дод, аммо мехоҳад боз қарз гирад

0

Соли 2025 Тоҷикистон 187 миллион доллар қарзи хориҷиашро кам кардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузориши ахираш навиштааст, ба ҳолати 1 январи соли 2026 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 17,1 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Соли гузашта Тоҷикистон асосан қарзашро дар назди "Эксимбонк"-и Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кардааст. Аз ҷумла, қарзи Душанбе аз "Эксимбонк"-и Чин аз 820 миллион доллар ба 737 миллион доллар кам шудааст. Ин бонки чинӣ бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён оварда буд.

Бар асоси гузориши Вазорати молия, Тоҷикистон аз 500 миллион доллар маблағи евробондҳо, ки барои сохтмони неругоҳи "Роғун" ҷалб шуда буданд, 170 миллион доллари онро баргардондааст. Боқимонда 333 миллион доллари дигар бояд имсол бозпас дода шаванд.

Вале соли гузашта қарзи Тоҷикистон дар назди созмонҳои молие чун Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки исломии рушд каме зиёд шудааст. Аз ҷумла, қарзи кишвар дар назди Бонки ҷаҳонӣ аз 364 ба 379 миллион доллар расидааст.

Тоҷикистон имсол ният дорад, ки аз кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ 6,3 миллиард сомонӣ ё қариб 680 миллион доллар қарз гирад. Вале на ҳама созмонҳои молии ҷаҳонӣ ҳозиранд ба Тоҷикистон қарз диҳанд.

Аз ҷумла, ахиран Бонки осиёии рушд Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки танҳо ба гирифтани грант ҳақ доранд. Ҳамчунин Тоҷикистон солҳост, ки наметавонад аз Сандуқи байнулмилалии пул қарзи имтиёзнок гирад.







Губернаторы России





Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России