Сурайё Қосимова: "Барои мо соли ғаму шодиҳо буд". ВИДЕО
Имсол бо ҳама ғаму андӯҳаш барои оилаи ҳунарманди маъруф Сурайё Қосимова ва духтарони ситорааш хотирмон шуд. Имсол бонувони ҳунарманд дар маъракаҳои фарҳангиву саҳнаҳои ҳунарӣ якҷо буданд, ҳамроҳ тарона хонданд ва консерти муштарак ҳам барпо карданд. Шояд ҳам лаҳзаҳои сангини зиндагӣ онҳоро бештар ба ҳам наздик кард.