Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 17.01.2018

Зани ҳиҷобпӯш ҳам аз ӯҳдаи "кори мардона" мебарояд

Ozodi.org 

Як зани урдунӣ корхонаи таъмири мошин ифтитоҳ намуда, дар муддати кӯтоҳе муштарии зиёд пайдо кардааст. Ба қавли хабарнигори Рейтерс дастоварди ин зан аз он иборат аст, ки мошинҳои занони дигарро бо сифтаи баланд таъмир мекунад.

Дар остонаи ҷаласаи ҳукумат ВКД ҳам алайҳи фасод бархост

Ozodi.org 

Баъди як рӯзи муроҷиати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ низ аз сокинон хост, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз “амалҳои коррупсионии кормандони милиса” ба ин ниҳод хабар диҳанд.

Ҳоҷӣ Мирзо: "маро модарам ба роҳи дин ҳидоят кардааст"

Ozodi.org 

Рӯзи чоршанбе модари рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов) даргузашт. Хоҷӣ Мирзо Ибронов рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд.



Тафсилоти қасди худкушии духтари 18-сола

Ozodi.org 

Як духтари 18-сола, ки аз ӯ М.Н. ном бурда мешавад, худро ба дарёи Душанбе андохта, аз ҷониби аҳолӣ наҷот дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ӯ мехост худкушӣ кунад.

Шутури сафед ба Боғи ҳайвоноти Душанбе омад

Ozodi.org 

Боғи вуҳуш ё ҳайвоноти Қазоқистон ба Тоҷикистон 17 ҷонвари нодирро тақдим кардааст. Ин ҷонварон ба ивази 7 паррандаи лошахӯр ва як кенгуру аз боғи ҳайвоноти Душанбе оварда шуданд.

Даргузашти модари Ҳоҷӣ Мирзо

Ozodi.org 

Модари Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, воизи шинохтаи тоҷик дар 82-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Хоҷӣ Мирзо Ибронов рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд. Ӯ гуфт, намози ҷанозаи модараш рӯзи панҷшанбеи 18-уми январ, пас аз пешин, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Мирзо, ҳамаи имомхатибон ва рӯҳониён ба ин маросим даъват шудаанд. Ҳудуди як сол қабл... Читать дальше...

Ҳоҷӣ Мирзо: "Маро модарам ба роҳи дин ҳидоят кард" САДО

Ozodi.org 

Модари рӯҳонии шинохтаи тоҷик Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, дар 82-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд.   “Падару бобоҳои модариам сайидзода буданд. Одами диндору қуръонхонро бисёр дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Домуллои маҳаллаамон, аз ҷумла Бобои Мулло Шарифро (манзур шоиру донишманд Сомеъ Одиназода ҳаст - РО) хоҳиш мекард, ки бачаи маро дарс диҳед. Читать дальше...



Бухории каммасраф -- ихтирои як ҷавон дар Суғд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як ҷавони 25-сола аз вилояти Суғд як бухории каммасрафи барқиеро сохтааст, ки дар муқоиса бо дастгоҳҳои тавлиди хориҷӣ беш аз ду маротиба камтар нерӯи барқ масраф карда, ҳамзамон рӯшанӣ ҳам медиҳад.

Бухории каммасраф -- ихтирои як ҷавон дар Суғд

Ozodi.org 

Як ҷавони 25-сола аз вилояти Суғд як бухории каммасрафи барқиеро сохтааст, ки дар муқоиса бо дастгоҳҳои тавлиди хориҷӣ беш аз ду маротиба камтар нерӯи барқ масраф карда, ҳамзамон рӯшанӣ ҳам медиҳад.

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 17-уми январи 2018 (HD)

Ozodi.org 

Кӯшиши нокоми як хонуми 18-сола дар Душанбе, "ҳаром" эълон шудани хунрезиву ҳамлаҳои маргталабона дар Покистон, вазъи нақлиёти пойтахти Тоҷикистон ва меҳмонони нав дар Боғи вуҳуши Душанбе.

Дафтари "Мемориал" дар Назран оташ гирифт

Ozodi.org 

Субҳи чаҳоршанбе дар дафтари созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора  идораи Вазорати ҳолатҳои изтирории Ингушистон хабар дод. Аз сӯхтор касе осеб надид, вале ҷиҳози дафтар, компютер ва бахше аз санадҳо нобуд шуданд.  Созмони "Мемориал" дар Фейсбук навишт, ки дафтараш дар Назранро барқасдона оташ заданд. Навори дурбинҳо ду марди ҷавони ниқобпӯшро нишон медиҳад, ки барои боло шудан ба боми бино зина гузоштанд. Ин ду нафар аз бом ба ошёнаи дуюм ворид шуданд. Онҳо дар даст канистра доштанд. Читать дальше...

Боздошти ду наврас баъди ҳамла ба мактаб

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Перми Русия ду наврасро, ки рӯзи душанбе ба мактаб ҳамла карданд, то ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ҷаласаи додгоҳ дар бемористоне баргузор шуд, ки наврасон онҷо бистарӣ шудаанд. Дар ин бора нашрияи "Новая Газета" рӯзи 17 январ хабар дод. Ҳамла ба мактаби №127 дар шаҳри Перм субҳи 15 январ сурат гирифт. Ҳамлакунандагон - яке хатмкарда ва дигарӣ хонандаи ҳамин мактаб ба сари ҳамдигар коркашӣ карданд. Ба иттилои расонаҳо, ташаббускори 16-солаи ин ҳамла дар қайди бемористони касалиҳои рӯҳӣ будаст. Читать дальше...

Мақомот: Ба ҷаласаи ҳисоботии ҳукумат омода мешавем

Ozodi.org 

Рӯзи 18 январ ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадафаш натиҷагирӣ аз соли 2017 дар ҳама сохторҳои давлатӣ аст. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ҳисоботи ҳукумат ва раисони ҳамаи вилоятҳову ноҳияҳо шунида мешавад. Сарвазир Қоҳир Расулзода ҳисоботи солона ироа мекунад ва  раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи корӣ барои соли ҷориро муайян хоҳад кард. Читать дальше...

Чаро имсол паради низомӣ баргузор намешавад?

Ozodi.org 

Вазорати дифои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 25-умин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳро дар моҳи феврали соли равон бидуни баргузории роҳпаймоӣ ё паради низомӣ истиқбол кунад.

Роҳиби рус бо ҷурми педофилия ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Як роҳиби калисои Ортодокси Русия аз шаҳри Приозерск, бо ҷурми педофилия ба муҳлати 14 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи ин шаҳри шимолу ғарбии Русия ҳукми роҳиб Глеб Грозовскийро рӯзи 17 январ содир кард. Ба гуфтаи додгоҳ Грозовский солҳои 2011 ва 2013 дар удругоҳи кӯдаконаи Ортодокс дар вилояти Ленинград ва Юнон,  се духтари ноболиғро мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор дод.   Грозовский гуноҳи худро эътироф накард ва гуфт, ки парвандаи ӯ сохта буда, дар заминаи даъвои дохили калисо бар зари тақсими маблағҳои хайрия пайдо шуд. Читать дальше...

Қазоқистону ИМА ба маблағи $7 миллиард шартнома имзо карданд

Ozodi.org 

Дастгоҳи президенти Қазоқистонрӯзи 17 январ гуфт, ки дар ҷараёни сафари Нурсултон Назарбоев ба ИМА беш аз 20 санади ҳамкориҳои ҳиқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расид. Маблағи созишномаҳо 7 миллиард доллар гуфта шуд.   Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе Назарбоевро дар Кохи сафед ба ҳузур пазируфт. Президенти Қазоқистон ҳамчунин бо намояндагони доираҳои соҳибкории ИМА мулоқот кард. Ба гуфтаи дастгоҳи президенти Қазоқистон, санадҳои имзошуда ба иҷрои тарҳҳо дар бахши пажуҳишҳои авиатсиониву кайҳоннавардӣ... Читать дальше...

Фаъолони ҳуқуқ Вазорати коммуникатсияро ба додгоҳ мекашанд

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қазоқистон Вазорати иттилоот ва коммуникатсияи ин кишварро ба додгоҳ кашидаанд, то муайян кунанд, ки соли гузашта аз буҷаи давлат барои кадом расона чӣ қадар маблағ ҷудо шуд. Созмони ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқӣ", ки дар ин робита аз вазорат дархости маълумот карда буд, посухи радди мақомотро ғайриқонунӣ номид.. Вале вазорат ба ин маълумот муҳри махфӣ зада, мегӯяд, дастрасӣ ба он маҳдуд аст. Моҳи июли соли гузашта дар сомонаи ин ниҳод санади ҷамъбасти фармоишҳои давлатӣ барои пеш... Читать дальше...


Музыкальные новости
Оззи Осборн

Оззи Осборн назвал Тони Айомми лучшим гитаристом, с которым он когда-либо играл





Rss.plus
Сергей Собянин

Сергей Собянин. Главное за день




Агент Овечкина прокомментировал возможное участие хоккеиста в летнем турнире

Скончался актер и каскадер из «Место встречи изменить нельзя»

Кержаков: был на матче мадридского «Реала» — РПЛ есть куда стремиться

Павел Келлер: При работе с семьей формализм недопустим




Туркманистон намоиши "саҳнаҳои ҳамхобагӣ"-и дар филмҳоро манъ кард

Ozodi.org 

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қонунеро имзо кард, ки нишон додани филмҳои шаҳвонӣ, саҳнаҳои хушунат ва одатҳои бадро дар ТВ манъ мекунад. Бино бар иттилои расмӣ, қонун "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"-ро Бердимуҳаммадов охири ҳафтаи гузашта имзо кард. Қонуни мазкур ҳамчунин ба чеҳрасозии мусбати ин кишвар даъват мекунад. Дар банди 4-уми қонун омадааст, ки "ноболиғон аз дидани саҳнаҳои шаҳвонӣ, хушунатбор ва иттилое, ки ба онҳо одатҳои бадро меомӯзонад, ҳифз карда шаванд". Читать дальше...

Рақиби президенти Қирғизистон аз курсии вакилӣ даст кашид

Ozodi.org 

Вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Бабанов аризаи истеъфояшро ба Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ фиристод. Дар ин бора мушовири ӯ Мурсулжан Намозалиев хабар дод. Аризаи Бабанов 15 январ ба Комисия супурда шудааст. Омупбек Бабанов - рақиби асосии президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков баъд аз анҷоми интихобот рӯзи 23 октябр кишварашро тарк кард. Он замон наздикони Бабанов гуфтанд, ӯ барои табобат ба Москва рафтааст. Баъдтар додситонии кулли Қирғизистон нисбати Бабанов бо моддаҳои "Даъвати... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё-2018 омода мешавад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз бозигарони синашон то 16-сола таркиб ёфтааст, омодагиро ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия баргузор мешавад, шуруъ кард.



Москва

Лунный свет в ваших волосах: Как выбрать благоприятные дни для стрижки в мае


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Волочкова опровергла обвинения в алкоголизме




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Пензенские регбистки выиграли первенство России


WTA

Шнайдер вышла в третий круг турнира WTA-1000 в Риме, победив Самсонову в российском дерби



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Спартак

"Спартак" лишился математических шансов выиграть Российскую премьер-лигу



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России