Сӯхтор дар корхонаи Новосибирск 10 нафарро қурбон кард
Бар асари сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли пойафзоли вилояти Новосибирск 10 коргари анбор ва бахши тавлиди кафш ба ҳалокат расид. Сӯхтор рӯзи 4 январ дар шаҳраки Чернореченск ба вуқӯъ пайваст.
Як манбаъ дар ситоди оҷили макони ҳодиса ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Чин буданд.
Сӯхтор соати 9-и саҳар дар бинои анбормонанди ҳудудан 2 ҳазор метри мурабаъ сар зада, маводи хоми истеҳсолӣ ва кафшҳои омодаро ба коми худ кашид.
Ба гуфтаи сокинон, аз ҷойи ҳодиса дуди ғализи заҳролуд балан мешуд. Аммо гурӯҳҳои наҷот гуфтанд, ки "дуди ғализу сиёҳ" дар пайи сӯхтани маводи синтетикӣ баланд шуда, ба сиҳатии мардум хатар надорад.