Даъвати кӯч додани сафорати Қирғизистон аз Душанбе ба Хуҷанд
Таабалдӣ Тиллоев, як вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кард, ки сафорати кишвараш дар Тоҷикистон бояд аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд кӯчонида шавад.
"Фаъолияти дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон асосан дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад, аммо он ҷо мо намояндагӣ надорем", - гуфт ин вакил.
Тиллоев ҳамзамон пешниҳод кард, ки фаъолияти сафоратҳои Қирғизистон дар порлумон муҳокима шавад.
"Дар маҷмуъ, мо дар хориҷ 38 намояндагии дипломатӣ дорем. Вале натиҷаи фаъолияти онҳоро эҳсос намекунем. Мешавад, моҳи феврал ин масъаларо дар порлумон ба муҳокима гузорем ва вазири корҳои хориҷӣ дар мавриди ҳар кадом сафорат гузориш диҳад. Давлат миллионҳо сомро барои фаъолияти онҳо харҷ мекунад. Ба назари ман, кормандони бархе аз сафоратхонаҳо маош мехӯранду хушҳоланд, ки дар чунин мақоме фаъолият доранд. Танҳо чанде аз сафоратхонаҳо ба ҷалби сармоя машғул ҳастанд, вале аксарият корашонро дуруст анҷом намедиҳанд", - афзӯд Лиллоев.
Қирғизистон бо 116 кишвар робитаи дипломатӣ ва бо 71 созмони байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад. Дар хориҷ аз Қирғизистон 30 намояндагии дипломатӣ ва 8 консулгарии ин кишвар фаъолият мекунад.