Эрон ва Иттиҳоди Аврупо аз қарордоди ҳастаӣ пуштибонӣ мекунанд
Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз пуштибонии созишномаи ҳастаии Эрон даст мекашад, гуфта мешавад, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи вазирони умури хориҷӣ рӯзи 11-уми январ аз ин қарордод пуштибонӣ хоҳанд кард. Ин ҷаласа таҳти раҳбарии Федерика Моғеринӣ - сарвари бахши сиёсати хориҷии ИА баргузор мешавад ва қудратҳои Аврупо, ки ба ин созиш кумак кардаанд, Теҳронро мутақоид месозанд, ки онҳо ба қарордод содиқ мондаанд.
Қарордоди ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ соли 2015 имзо шуд ва он таҳримҳои алайҳи Теҳронро дар ивази даст кашиданаш аз барномаҳои ҳастаӣ нармтар мекунад.
Хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи дипломатии Иттиҳоди Аврупо менависад, "ҳадаф пайғом додан ба Вашингтон аст, ки Эрон созишномаро риоя мекунад ва доштани қарордоди ҳастаӣ беҳтар аз инзивои Эрон аст".
Нишасти Брюссел як рӯз пеш аз ба охир расидани муҳлати тасдиқи ин қарордод аз ҷониби президенти Амрико Доналд Трамп баргузор мешавад.