Арабистони Саудӣ ба занҳои танҳо раводид медиҳад
Мақомоти Арабистони Саудӣ ироаи раводид ба занҳои болои синни 25-ро, ки бидуни раҳбаладии мардҳо ба ин кишвар меоянд, оғоз мекунанд. Дар ин боар нашрияи "ArabNews" рӯзи 11 январ хабар дод. Интизор меравад, ки татбиқи қоидаи нав дар семоҳаи аввали соли 2018 шурӯъ шавад. Раводиди якдафъаи ба муддати як моҳ пешниҳод мешавад.
Қаблан занҳои ҷавон ҳақ надоштанд бе раҳбаладии шавҳар ё бародар ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Акнун ин қоида танҳо ба онҳое пахш намешавад, ки ҳанӯз 25-сола нашудаанд.
Комиссиюни Сайёҳии Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки мақомот қоидаи навро ба хотири боло бурдани ҷаззобияти кишвар дар байни сайёҳон ҷорӣ мекунанд.
Чанд моҳ боз дар Арабистони Саудӣ бо ибтикори шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад Бин Салмон ислоҳот ҷараён дорад. Моҳи октябр занҳо аз ҳақи ронандагӣ ва гаштугузор дар маконҳои ҷамъятиӣ бархурдор шуданд. Баргузории намоишҳои консертӣ ва тафреҳи дар кишвар низ имконпазир шуд. Авохири соли гузашта маълум шуд, ки баъди танаффуси 35-сола дари кинотеатрҳо ба рӯи тамошобинон боз мешавад.
Мақомоти Саудӣ мехоҳанд бо истифода аз бартариҳои дигари иқтисодӣ вобастагии кишварро аз нафт коҳиш диҳанд.