Писари Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Фаронса шуд
Ҷамолиддин Убайдуллоев - писари Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе сафири нави Тоҷикистон дар Фаронса таъин шуд. Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 13-уми январ содир гардид.
Ҷамолиддин Убайдуллев то ин вақт ба ҳайси сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.
Ҳомидҷон Назаров, сафири, инак, собиқи Тоҷикистон дар Фаронса ба далели ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод шудааст.