“Ман гап намезанам, дарди сар чӣ даркор?”
“Ман гап намезанам”, “корманди давлатӣ ҳастам, ба ман мумкин нест”, “дарди сар чӣ даркор?”, “илтимос, аз дигарон пурсед”, “ба раис мактуби расмӣ нависед”, “аз раис иҷозат пурсед”... Ин “сипар”-и аслии масъулони давлатӣ, дафтарҳои матбуотии сохторҳои расмӣ ва баъзе афрод аст, ки ҳангоми муроҷиати хабарнигорон аз сӯҳбат фирор мекунанд.