Тазоҳургарон суханронии Содиқ Хонро ба таъхир андохтанд
Гурӯҳи хурде аз миллатгароёни тазоҳургар дар даст чӯби худсохти дор, суханронии Содиқ Хон, шарҳдори мусулмонони Лондонро ба таъхир андохтанд. Онҳо мегуфтанд, ки мехоҳанд, Содиқ Хонро барои “истибдод” ва беэҳтиромӣ ба Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико боздошт кунанд.
Даҳҳо тазоҳургарро, ки худро “Пешвоёни сафед” меномиданд, рӯзи 13-уми январ пулис аз дохили толоре, ки Содиқ Хон суханронӣ дошт, берун кард. Шаҳрдори Лондон маҷбур шуд, суханрониашро 15 дақиқа дертар оғоз кунад.
Ин гурӯҳ ба тарафдории Доналд Трамп ва хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо шиор медоданд. Баъди эътирози мардуми дохили толор, пулис тазоҳургаронро аз онҷо берун кард.
Хабарнигори ITV News Пол Бранд мегӯяд, ки бо эътирозгарон сӯҳбат доштааст ва онҳо гуфтаанд, ки нажодпараст ва ё тундгаро нестанд, вале афзудаанд, ки “Содиқ Хон бо назардошти динаш ҳаққи шаҳрдори Лондон буданро надорад.”
Хабарнигорон мегӯянд, ки раҳбари эътирозгарон, узви Иттиҳоди Муҳофизони Англия, яке аз созмонҳои ифротии ростгаро будааст. Содиқ Хон борҳо дар Твиттер бо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико баҳсу ҷадал доштааст.