Муҳоҷири тоҷик: Бо «дубинка» ба сарам заданд
Баъзе аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, шикоят доранд, ки дар назди идораи муҳоҷирати шаҳри Томски Русия нирӯҳои вижаи пулис онҳоро латту кӯб карда, аз «электрошокер» ва «дубинка» ё калтаки резинӣ истифода намудаанд. Ин ҳодиса дар пайи навбатпоӣ ва таҷаммӯи зиёди муҳоҷирону дониҷшӯёни хориҷӣ рӯзи 9-уми январи имсол рух додааст.