Низоъ дар мактаби Перми Русия 15 нафарро захмӣ кард
Субҳи 15 январ дар байни ду талабаи мактаби рақами 127-и Перм ҷанҷоле сар зад, ки бо кардкашӣ ҷараён гирифт. Якчанд муаллим ва талабаҳо, ки мехостанд тарафҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод.
Аз рӯи ин ҳодиса бо иттиҳоми "суиқасд ба ҷони як ё якчанд нафар" парванда боз шуд. Гумонбарҳо боздошт шуданд.
Мақомот дарсҳоро лағв ва талабаҳо аз мактаб берун бурданд. Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки захмиҳо ба бемористон интиқол ёфтанд ва дар кадом ҳолат қарор доштани онҳоро табибон муайян мекунанд. Ба маълумоти Вазорати беҳдошти минтақавӣ, ба сурати умум 15 нафар захм бардошт. Вазъи ду нафари онҳо - як муаллим ва як талабаи 16-сола бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.
Субҳи имрӯз аз ҳамлаи ду нафари ниқобпӯш ва гӯё ба гарав гирифтани якчанд талаба ва муаллим гузориш пахш шуд. Баъдан хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки дар мактаб на ҳамла, балки ҷанҷол ҷараён гирифт, ки дар натиҷаи он аз 5 то 8 нафар маҷруҳ шуд.