Истеъфои раҳбари зиндон баъди ҳамлаи як исломӣ ба нигаҳбонон
Раҳбари маҳбаси Вендин-ле-Вией, баъди ҳамлаи як зиндонии Ал-Қоида бо қайчӣ ба нигаҳбонон, рӯзи 15 январ истеъфо дод. Зиндон дар 200 километрии Порис ҷойгир аст. Ҳамзамон бо ин нигаҳбонони якчанд маҳбас ба далели надоштани ҳайъати шахсӣ ва нерӯ барои нигаҳдории зиндониҳои хатарнок даст ба эътироз заданд.
Пулиси таъиноти масус тазоҳуроти нигаҳбонҳо дар зиндони пуриздиҳоми Фреснес, дуюмин маҳбаси бузурги Фаронасро пароканда кард. Нигаҳбононҳо эътирозҳои ба ин монандро дар зиндонҳои шимол ва ҷануби Фаронса низ ташкил карданд. Иттифоқи касабаи кормандони зиндонҳо гуфт, ки рӯзи Душанбе дар нисфи 188 маҳбаси Фаронса амалҳои эътирозӣ ҷараён гирифт.
Раҳбари маҳбаси Вендин-ле-Вией дар минтақаи Кале чаҳор рӯз баъди ҳамлаи зиндоние бо қайчӣ ба нигаҳбонҳо аз мақомаш истеъфо дод. Ин зиндонӣ барои ҳамлаи соли 2000 ба канисои яҳудиҳо дар Тунис, ки 21 нафарро қурбон кард, ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.
Намояндагони нигаҳбонҳои зиндонҳо гуфтанд, ки бинобар ҳузури теъдоди зиёди ҷангиёни исломии зиндонишуда, идораи маҳбасҳо бо усули нарм то рафт душвор ва хатарнок мешавад.