Мақомот ва волидон бар сари даст кашидан аз рӯмол ба созиш расиданд
Мақомоти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯянд, дар доираи як маъракаи маърифатӣ тавонистанд, волидони беш аз 123 хонандаро розӣ кунонанд, ки фарзандони онҳо бе рӯмол ба дарс ҳозир шаванд.
Бино ба иттилои расмӣ, шумори хонандагоне, ки дар ин минтақа бо рӯймол ба дарсҳо ҳозир мешуданд, соли равон ба 340 нафар мерасид.
Ба гуфтаи мақомот, дар пайи суҳбату корҳои таблиғотӣ миёни сокинон дар робита ба иҷрои талаботи либоси ягонаи мактабӣ бархе аз волидон розӣ шудаанд, ки фарзандони онҳо талаботи маъмурияти мактабҳоро иҷро карда, бе рӯймол ба дарс раванд.
Пештар як гуруҳи волидони қазоқ дар Оқтеппа аз болои мудирони мактаб ба додгоҳ шикоят бурданд, ки ҳаққи конститутсионии фарзандони онҳо поймол мешавад. Қарор аст, додгоҳи шаҳри Оқтеппа шикояти онҳоро 22 январ баррасӣ кунад.
Додгоҳи шаҳри Остона моҳи декабри соли 2017 шикояти гуруҳи волидонеро аз вилояти Қазоқистони Ғарбӣ рад кард, ки хостанд, банди фармони вазири маорифи ин кишвар дар бораи либоси ягонаи мактабӣ ғайриқонунӣ дониста шавад. Ин банди фармон иштироки хонандагонро бо либосҳои мазҳабӣ дар дарсҳо манъ мекунад.