Мавзӯи Эрон дар меҳвари гуфтугӯҳои Тиллерсон ва вазири хориҷаи Фаронса
Интизор меравад, ки мавзӯи Эрон дар музокироти котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ва вазири хориҷаи Фаронса Жан Ив Ле Драйн дар Париж рӯзи 23 январ калидӣ хоҳад буд. Тиллерсон бо як сафари ҳафтаина дар Аврупо қарор дорад. Баъди дидору гуфтугӯяш бо мақомоти Бритониё дар Лондон рӯзи 22 январ, Тиллерсон ба дарёфти пуштибонии Аврупо барои муҷозоти Теҳрон муваффақ шуд. Ин созиш берун шудани ИМА аз созишномаи ҳастаии Эронро бозмедорад. Дар ҳамин ҳол дар Брюссел Ле Драйн Теҳронро дар адами эҳтироми қатъномаи СММ муттаҳам кард ва гуфт, ки идомаи кори Эрон бо силоҳҳои баллистикӣ ба хотири дастёбӣ ба кулоҳакҳои ҳастаӣ қарордоди қудратҳо ва Эронро дар соли 2015 ба ҳам мезанад. Доналд Трамп таҳдид кардааст, ки агар таҳримҳои байналмилалии Эрон сабуктар шавад, ИМА аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун мешавад. Зери ин созишнома инчунин Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия имзо кардаанд.