Президенти Қирғизистон авоили моҳи феврал ба Душанбе меояд
Раиси ҷумҳури Қирғизистон авохири ҳафтаи оянда бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари Сооронбай Жеенбеков ба Душанбе рӯзҳои 1-2 феврал сурат хоҳад гирифт.
То ба ҳол барномаи сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон эълон нашудааст. Аммо як манбаъ дар мақомоти давлатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президент Қирғизистон дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ дар паёми табрикиаш ба муносибати 25-умин солгарди робитаи дипломатии Душанбеву Бишкек хабар дода буд, ки президенти нави Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба зудӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Ин нахустин сафари Сооронбой Жеенбеков ба Тоҷикистон пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон мебошад. Жеенбеков дар моҳи октябр дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон пирӯз ва ҷойгузини Алмазбек Отамбоев шуд.