"Russiangate" баъди нашри мавод аз дороиҳои раиси ФСБ баста шуд
Сомонаи "Russiangate" чаҳор соат баъд аз нашри мақолае дар бораи дороиҳои берун аз декларатсияи раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников масдуд шуд. Дар ин бора сардабири ин тарҳ Александрина Елагина дар Твиттер хабар дод.
Дастрасии корбарон ба ин сомонаро якбора чанд таъминкунандаи умдаи интернет дар Русия, аз ҷумла МГТС ва МТС қатъ карданд.
Бино ба маълумоти идораи "Роскомнадзор", фаъолияти сомона дар асоси қонун манъ шуд, ки аз пахши маводи дорои даъват ба бенизомӣ ҷилавгирӣ мекунад. Дастрасӣ ба сомона бо дастури Додситонии кулл сурат гирифтааст. Аммо Елагина мегӯяд, дар ин бора огаҳӣ нагирифтанд ва акнун мақола дар бораи дороиҳои пинҳонии раҳбари ФСБ-ро дар пойгоҳҳои дигар пахш мекунанд.
Дар ин мақола гуфта мешавад, ки Бортников ва муовини ӯ Сергей Смирнов амволи ғайриманқули худро дар Сестроретск, яке аз минтақаҳои гаронбаҳои Санкт-Петербург, ба декларатсия ворид накарданд. Дар ин мақолаи таҳқиқотӣ гуфта мешавад, "Росреестр" дидаву дониста номи соҳибони хонаҳоро пинҳон кард.
Бортников ба ҳисоботи дороиҳояш 28 сотих замин ва иншооти дохили он, бо арзиши 28 миллион рублро ворид накардааст. Қимати он дар бозор, ба гуфтаи сомона, 300 миллион рубл гуфта мешавад. Смирнов, муовини Бортников низ амволи ғайриманқулашро дар ин минтақа ошкор накардааст.