Трамп дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисод суханронӣ мекунад. ПАХШИ ЗИНДА
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 26-уми январ, зимни суханронӣ дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисод, ба раҳбарони сиёсӣ ва раҳбарони баландпоя паём медиҳад, ки Амрико дуздии моликияти зеҳнӣ ва сӯистифода аз тиҷоратро таҳаммул намекунад. Дар ин бора як мақоми баландпояи Амрико рӯзи ҷумъа ба оҷонси Reuters хабар дод.
Президенти Амрико дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисод дар шаҳри Давоси Шветсария бо суханронии хотимавӣ баромад мекунад. Ҳузури ӯ дар ин нишаст дар пасманзари интиқоди ошкору пинҳони раҳбарони дигар аз сиёсати "Аввал Амрико"-и Трамп ҷараён мегирад.
Суханронии Трамп ба соати 13-и вақти GMT барномарезӣ шудааст.
Аз замони иштироки президенти пешини Амрико Билл Клинтон дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисод дар соли 200-ум, Трамп аввалин раиси ҷумҳури Амрико аст, ки дар ин нишаст ҳузур пайдо мекунад.
Суханронии рӯзи ҷумъаи ӯ дар нишасти Давос дар пасманзари нигаронии раҳбарони Аврупо ҷараён мегирад, ки Трампро аз миллатгароӣ, инзивогароӣ ва дур шудан аз принсипҳои тиҷорати умумӣ ҳушдор доданд.