Reuters: Кореяи Шимолӣ бо кумаки Русия ангишт мефурӯхт
Кореяи Шимолӣ барои фирор аз таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид Русияро ҳамчун гузаргоҳи содироти ангишт истифода мекард. Дар ин бора Reuters рӯзи 25-уми январ бо такя ба манобеи истихборот хабар дод.
Ба маълумоти истихборот, соли гузашта Кореяи Шимолӣ дастикам се дафъа тавассути бандарҳои Находка ва Ҳолм дар баҳри Ҷопон ба Русия ангишт интиқол дод. Баъдан ин мавод ба Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон фиристода шудааст.
Хабарнигорони Reuters маълум накарданд, ки ангишти интиқолёфта ба бандарҳои Русия дар асл оё ҳамон боре аст, ки баъдан ба Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон интиқол ёфт.
Қаблан манобеи истихборот хабар доданд, ки нафти Русия бо нақзи таҳримҳо ба Кореяи Шимолӣ содир мешавад ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки мақомоти Русия аз ин додугирифт огоҳ набошанд. Шӯрои Амнияти СММ содироти ангишти Кореяи Шимолиро соли 2016 маҳдуд кард ва кишварҳоро муваззаф намуд, ки аз миқдори ангишти содиротии Кореяи Шимолӣ гузориш диҳанд.
Манобеи Reuters мегӯянд, ки Русия соли гузашта аз содироти ангишти Кореяи Шимолӣ ба қаламраваш хабар надод. Охири соли 2017 баъди озмоиши мушаки навбатӣ аз тарафи Пхенян, Шӯрои амнияти СММ таҳримҳоро алайҳи Кореяи Шимолӣ сахттар кард.