180 кушта ва захмӣ дар инфиҷори Кобул. ВИДЕО
Бар асари ҳамлаи рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, беш аз 40 нафар кушта ва 140 тани дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ин инҷифор дар як минтақаи серодам рух дода, эҳтимол талафот аз ин ҳам бештар шавад. Бархе аз манобеи амниятӣ гуфтаанд, ки миёни қурбониёни ин инфиҷор афроди низомӣ ҳам ҳастанд.