Эрон аз болои Туркманистон ба Додгоҳи ҳакамӣ шикоят мебарад
Вазири нафти Эрон Бижан Зангонӣ гуфт, ки кишвараш аз болои Туркманистон ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ боз як шикояти дигар хоҳад бурд. Дар ин бора хабаргузории расмии IRNA рӯзи 29 январ иттилоъ дод.
"Туркманистон иддао дорад, ки Эрон аз ин кишвар 1,5 миллиард доллар қарздор аст. Вале ба назари мо ин маблағ хеле зиёд аст. Шикояти навбатии мо ба сифати гази интиқолии Туркманистон рабт дорад", - афзуд вазир.
Ба иттилои хабаргузорӣ, акнун шикояти Эрон бар зидди Туркманистон аз се бахш - сифати паст, нархи гарон ва қатъи интиқоли бидуни огоҳии газ иборат хоҳад буд.
Эрон бори нахуст зидди Туркманистон моҳи майи соли 2017 ба додгоҳ шикоят бурда буд.
Нашрияи "Хроника Туркменистана" мегӯяд, миёни Теҳрону Ишқобод ҳанӯз охирҳои соли 2016 баҳсе ба миён омад ва дар натиҷа "Туркмангаз" аз Ширкати миллии нафти Эрон талаб кард, ки $1,8 миллиард доллар қарзро пардохт кунад. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, ҷонибҳо баъд аз гуфтугӯи тӯлонӣ ба созиш расиданд. Аммо сарфи назар аз ин, Туркманистон 1 январи соли 2017 интиқоли газро ба Эрон қатъ кард.