Майдони назди сафорати Русия дар Вашингтон исми Немтсовро гирифт
Майдони назди сафорати Русия дар Вашингтон номи сиёсатмадори кушташудаи рус Борис Немтсовро гирифт. Дар бораи тасдиқи ин тарҳи қонун раҳбари Бунёди Немтсов Владими-Карамурзаи хурдӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, ки маросими расмии ифтитоҳи майдон ба рӯзи 27 феврал, сеюмин соли куштори сиёсатмадор, барномарезӣ шудааст.
Шӯрои шаҳрии Вашингтон аввали моҳи январ ба пуштибонӣ аз тарҳи майдони Немтсов якдилона овоз дод.
Борис Немтсов 27 ферали соли 2015 дар пули Болшой Москваретский, каме дуртар аз Кремл, ҳадафи тир қарор гирифт. Мақомоти Маскав ба гузоштани лавҳаи хотира дар макони куштори сиёсатмадори шинохта мухолифат нишон медиҳанд ва кормандони хадамоти коммуналӣ ёдбуди мардумиро дар макон пайваста вайрон мекунанд.