Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2018

Новости за 15.02.2018

Трамп: Таъмини амнияти мактаб ва кӯдаконро беҳтар мекунем

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, маъмурияти ӯ дар самти беҳтар шудани амнияти мактабҳои миёнаи кишвар иқдом хоҳад кард. Дар як суханронии рӯзи 15 февралаш, ки рӯзе баъди тирандозии шадиде дар як мактаби аёлати Флорида рух дод  ва 17 талабаи мактабро кушта бар ҷой гузошт, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки бояд дар самти ҳимоят аз таъсири бемориҳои рӯҳӣ кор кард. Трамп гуфт: “Мо бояд инчунин дар самти эҷоди фарҳанге кор кунем, ки арзиши зиндагиро омӯзиш диҳад ва ин арзишҳо пойбанди ҳикмати зиндагӣ бошанд”. Читать дальше...

Дар роҳ ба Хуҷанд 7 нафарро аз зери тарма берун оварданд

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои наҷотбахш аз зери тармаву барф дар роҳи Душанбе - Хуҷанд 7 нафарро зинда берун оварданд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал гуфт, ҳодиса дар километри 69-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Ҳангоми ҳаракати ду мошини сабукрав дар ин қитъаи роҳ тарма фаромад ва мошинҳоро пурра зери барф пӯшонд. “Дар натиҷаи амалиёти наҷот, аз зери қабати ғафси барф 7 мусофири мошин зиндаву саломат берун оварда шуд. Онҳо аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекарданд”, - гуфтааст Юсуфӣ. Читать дальше...



Чаро гадоёнро аз кӯчаҳои шаҳр меронанд

Ozodi.org 

Баъзе аз талбандаҳо дар Душанбе мегӯянд, маъмурони милиса онҳоро аз маркази шаҳр меронанд, то нишон бидиҳанд, ки дар Тоҷикистон гадо вуҷуд надорад.

Захарова: дар Сурия эҳтимол 5 шаҳрванди Русия кушта шудааст

Ozodi.org 

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ки хабарҳо дар бораи кушта шудани садҳо шаҳрванди Русия, аз зарбаҳои ҳавоии эътилофи таҳти назари ИМА, иттилооти ғалат аст. Захарова рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, имкон дорад панҷ нафар, ки эҳтимол шаҳрванди Русия ҳастанд, дар Сурия ба ҳалокат расиданд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки сухан аз боби нерӯҳои низомии Русия нест. Гап дар бораи чанд нафарест, ки шаҳрвандии онҳо ва далели  будубоши онҳо дар Сурия бояд таҳқиқ шавад. Читать дальше...

Тасаллияти президенти Тоҷикистон ба Доналд Трамп

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвонии раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, аз марги шумори зиёди мактабиён изҳори таассуф кардааст. Дар барқияи худ президенти Тоҷикистон, аз ҷумла навиштааст, "хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои аёлати Флоридаи ИМА-ро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам.

Тасаллияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвонии раиси ҷумҳурии ИМА Доналд Трамп, аз марги шумори зиёди мактабиён изҳори таассуф кардааст. Дар барқияи худ президенти Тоҷикистон, аз ҷумла, навиштааст, ки "хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои аёлати Флоридаи ИМА-ро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани  шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда... Читать дальше...



Занеро, ки аз Сурия оварда буданд, ҳукми зиндон гирифт

Ozodi.org 

Додгоҳи Доғистон сокини маҳаллӣ Загидат Акбароваро, ки мақомоти Русия ӯро чанд моҳ пеш аз Сурия берун оварданд, бо ҷурми "узвият дар гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ" аз озодӣ маҳрум кард. Акбарова моҳи декабри соли 2014 барои ҳамоиш бо ҳамсараш, ки ба гурӯҳи даҳшатафкани ДИИШ гаравида буд, бо кӯдаконаш ба Сурия рафт. Ба гуфтаи ин зани маҳкумшуда, ӯ борҳо талош кард ба ватан баргардад, аммо аз тарси ҳамсараш натавонист фирор кунад.  Соли 2017 ҳамсари Загиат Акбарова дар Сурия кушта шуд ва ин зан бо кӯдаконаш ба Русия интиқол ёфт. Читать дальше...

"Истиқлол" бори чорум барандаи Ҷоми ФФТ шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, барои чорумин бор барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) гардид.

Ҳалокати ду мусофир ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Масъулони фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки тайи як ҳафтаи ахир ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан ду мусофири тоҷик ҷон додаанд. Аз ҷумла, як марди 67-сола рӯзи 14-уми феврал ҳангоми парвози ҳавопаймо дар хатсайри Санкт-Петербург - Хуҷанд, ки аз тарафи ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии” анҷом мешуд, ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 15-уми феврал дар Маркази маълумотномадиҳии фурудгоҳи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳавопаймо бояд соати 5:30-и субҳи 14-уми феврал дар Хуҷанд фуруд меомад, вале бо таъхири 5-соата ҳозир шуд. Читать дальше...

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 15-уми феврали 2018 (HD)

Ozodi.org 

Қотили Марҷона ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд, раҳбарони ширкати "Умед 88" баъди пардохти қарзи давлат раҳо хоҳанд шуд, тирпарронӣ дар мактаби амрикоӣ ҳаёти 17 касро аз байн бурд, "Барқи тоҷик" умед дорад, ки содироти нерӯи барқ ба хориҷ ва нархи фурӯши онро боло хоҳад бурд.

Коҳиши қурби риёл дар Эрон ва юриши пулис ба саррофиҳои Теҳрон

Ozodi.org 

Пулиси Теҳрон ҳамзамон бо коҳиши шадиди қурби риёл дар баробари асъори хориҷӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми феврал ба нуқтаҳои мубодилаи доллар дар маркази пойтахт юриш бурд ва наздик ба "сад саррофи ғайриқонунӣ"-ро боздошт кард.

Мусофири хатсайри Петербург-Хуҷанд дар дохили ҳавопаймо даргузашт

Ozodi.org 

Як марди 67-сола дар ҷараёни парвози ҳавопаймо дар хатсайри Санкт-Петербург-Хуҷанд, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоиии “Уральские авиалинии” анҷом мешуд, ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 15-уми феврал дар Маркази маълумотномадиҳии фурудгоҳи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳавопаймо бояд соати 5:30-и субҳи 14-уми феврал дар Хуҷанд фуруд меомад, вале бо таъхири 5-соата ҳозир шуд. Як масъули ин марказ бидуни бурдани номаш гуфт, сабаби таъхир дар марги нобаҳангоми як марди мусофири ин ҳавопаймо будааст. Читать дальше...

СММ: Ҳалокати афроди мулкӣ дар ҷангҳои Афғонистон коҳиш ёфт

Ozodi.org 

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки соли гузашта ҳалокати сокинони мулкӣ дар ҷангҳои Афғонистон коҳиш ёфтааст. Аммо айни замон гуфт, теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоӣ афзоиш ёфтааст.   Коҳиши шумори кушта ва маҷрӯҳшудаҳо дар соли 2017 дар муқоиса бо соле аз ин пеш 9 дарсад камтар будааст. Ин арзёбӣ дар гузориши солонаи ҳайати СММ дар Афғонистон ва дафтари ҳуқуқи башари СММ нашр шудааст, ки рӯзи 15-уми феврал чоп шуд. Дар маҷмӯъ, соли 2017 дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон... Читать дальше...

Вазир: Роҳҳо баъди сафари Мирзиёев пурра боз мешаванд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд. Худоёр Худоёрзода рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “инчунин, мусофирбарҳои самти Тоҷикистону Узбакистон ба кор хоҳанд пардохт.”

Вазир: Роҳҳо баъди сафари Мирзиёев пурра боз мешаванд

Ozodi.org 

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд. Худоёр Худоёрзода рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “инчунин, мусофирбарҳои самти Тоҷикистону Узбакистон ба кор хоҳанд пардохт.”


Музыкальные новости
Игорь Бутман

Игорь Бутман заявил, что Пугачева ему безразлична, и назвал ее ЖКП





Rss.plus
Желдорреммаш

Более 500 учащихся посетили Оренбургский ЛРЗ в рамках акции «Неделя без турникетов»




Преподаватели из Раменского получили общественные награды

Посол Антонов: санкционная политика США не приносит нужных им результатов

Новые корпуса построят в составе жилого квартала на юге Москвы

Династия педагогов из Егорьевска стала лучшей на областном конкурсе




Толибон аз "мардуми Амрико" хост, ки ба ҳукумати худ фишор биёранд

Ozodi.org 

Гурӯҳи мусаллаҳи Толибон рӯзи 14-уми феврал дар як нома аз "мардуми Амрико" даъват кард, ки барои берун бурдани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба ҳукумати худ фишор биёранд. Ин гурӯҳ хотиррасон кард, ки ҷанги Афғонистон, ки амрикоиҳо ба он ворид шудаанд, тӯлонитарин низоъ буда, "триллионҳо доллар" харҷ дорад. Номаи иборат аз 3 ҳазор калима, ба унвони "мардуми Амрико, раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ ва мустақил ва конгрессменҳои сулҳдӯст" навишта шудааст. Нома пешниҳоди доимии Толибон дар бораи музокироти... Читать дальше...

Эътирофи Косово – пешшарти ҳамоиши Сербистон бо ИА

Ozodi.org 

Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон, гуфт, Сербистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо бояд истиқлолияти Косоворо эътироф кунад. Ӯ шоми 14-уми феврал дар Приштина дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Косово Рамуш Ҳарадинаҷ афзуд, "агар Сербистон мехоҳад ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шавад, бунёди волоияти қонун шарти аввал аст ва, албатта, эътирофи истиқлолияти Косово." Габриэл гуфт, айни ҳамин пайғомро субҳи чаҳоршанбе дар Белград ба мақомоти Сербистон расонд. Косово як вилояти пешини Сербистон аст... Читать дальше...

Эътирофи Косово - пешшарти ҳамоиши Сербистон бо Иттиҳоди Аврупо

Ozodi.org 

Барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо, Сербистон бояд истиқлолияти Косоворо эътироф кунад,- гуфт вазири корҳои хориҷии Олмон Зигмар Гарбриэл. "Агар Сербистон мехоҳад ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шавад, бунёди волоияти қонун шарти аввал аст ва албатта, эътирофи истиқлолияти Косово",- гуфт вазири умури хориҷии Олмон дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Косово Рамуш Ҳарадинаҷ, шоми 14 феврал дар Приштина. Габриэл гуфт, ки айни ҳамин пайғомро субҳи чоршанбе дар Белград ба мақомоти Сербистон расонд. Читать дальше...

Хабарнигори "Новая газета" Алӣ Фирӯз Русияро тарк кард

Ozodi.org 

Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета"-и Русия Алӣ Фирӯз, ки ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар чанд моҳ дар маркази боздошти муваққат нигаҳдорӣ мешуд, билохира Русияро тарк кард. Фирӯз аз фурдгоҳи Шереметовои Маскав ба Олмон парвоз кард. Нашрияи "Новая газета" рӯзи 15 феврал ба ҳамаи онҳое, ки аз рӯзноманигор ҳимоят карданд, ташаккур гуфт. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Басмании Москва иҷозат дод, Фирӯз ба кишвари севум хориҷ шавад. То он замон додгоҳи шаҳрии Москва раванди ихроҷи ӯро аз Русия манъ карда буд. Читать дальше...

Bloomberg: Ҷангҷӯёни захмӣ аз Сурия ба Русия интиқол ёфтанд

Ozodi.org 

Шаҳрвандони Русия, ки дар натиҷаи зарбаи нирӯҳои ҳавоии ИМА дар Сурия захм бардоштанд, дар бемористонҳои Вазорати дифои он кишвар дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург табобат мегиранд. Дар ин бора наздикони ду захмишуда ба шарти ифшо нашудани номашон рӯзи 14-уми феврал ба хабаргузории Bloomberg иттилоъ додаанд. Манобеъ мегӯянд, эҳтимол шумори кушташудаҳо ба далели ҷароҳатҳои вазнини баъзе аз осебдидаҳо афзоиш ёбад. 7-уми феврал дар натиҷаи зарбаҳои ҳавои ИМА дар Дайр аз-Зори Сурия аз 100 то 500 низомие кушта шуданд... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Племя Гунны: рэпер из США в меланхолии, наш Баста — в музлитературе




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании


Даниил Медведев

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России