Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2018

Зарбаҳои ҳавоии ИМА ба Толибон дар наздикиҳои марзи Чину Тоҷикистон

0
Зарбаҳои ҳавоии ИМА ба Толибон дар наздикиҳои марзи Чину Тоҷикистон

Низомиёни амрикоӣ гуфтаанд, ки маъракаи нави зидди Толибон ба ҳадафи аз байн бурдани манбаъҳои молӣ, тамрингоҳҳо ва шабакаҳои кӯмакрасони онҳо, ба шимоли Афғонистон то наздикии марзҳои Чин ва Тоҷикистон, густариш ёфтааст. 

Ба навиштаи вебсайти Садои Амрико, низомиёни ИМА рӯзи сешанбеи 6-уми январ эълон карданд "ки давоми 96 соати гузашта нерӯҳои низомии ИМА амалиётҳои ҳавоӣ алайҳи Толибон дар вилояти Бадахшон анҷом доданд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз тарҳи таҳаррукоти террористӣ дар марзҳо бо Чину Тоҷикистон мебошад."

Дар хабари низомиёни амрикоӣ омадааст, ки дар ин ҳамлаҳо мошинҳои Артиши миллии Афғонистон низ, ки аз сӯи Толибон рабуда шуда буданд, аз байн шуданд. Нерӯҳои амниятии афғон бо пуштибонии Амрико ва НАТО давоми фасли зимистон Толибонро зери фишор қарор доданд, то аз таҷаммӯи дубораи онҳо дар фасли баҳор ҷилавгирӣ кунанд.  

Ҳамлаи ин ҳафтаи нерӯҳои амрикоӣ алайҳи мавзеъҳои ҷангиён дар вилояти Бадахшон дар ҳолест, ки Толибон ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр карданд, ки ҷараёни тамрини ҷангиён дар яке аз минтақаҳо барфпӯшро нишон медод. Ҷангиён аз ин минтақа ном набурданд, аммо шимоли Афғонистон, аз ҷумла вилояти Бадахшон ҳоло дар ин мавсим тақрибан барфпӯш аст. Ба гуфтаи низомиён, дар ин ҳамлаҳо ҳавопаймоҳои B-52 даҳҳо бор мавзеъҳо Толибонро ҳадаф қарор додаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ахири ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико ба пойгоҳҳои Толибон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Чин гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир марзи кишвар бо Афғонистон зери назорат аст ва вазъ ором мебошад. Як манбаъ дар Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки марзбонони тоҷик "тавононӣ ва қудрати ҳифзи сарҳад"-ро доранд.

Ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Амрико ба пойгоҳҳои Толибон дар Бадахшон дар ҳолест, ки нимаи дувуми моҳи гузашта мақомоти интизомӣ дар шимоли Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи амалиёти ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар вилояти Бадахшон 15 ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи Толибон кушта шудаанд

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства Южного округа Москвы





Москва

"СВЯТОЙ ЛЕНИН" раскрыл загадку В.В. Жириновского и В.Г. Мессинга. СЕНСАЦИОННЫЕ ДАННЫЕ!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Лазарев

«Сергей Лазарев за все платит»: диско-бабушка из Коми рассказала, как ей искали квартиру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников


Елена Рыбакина

В России отреагировали на "скрытую баранку" и достижение Рыбакиной на Ролан Гаррос



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Москве умерла автор программ на советском ТВ Майя Яковлева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России