"Раиси кадрҳои вазорат 15 кг вазнашро партофт"
Дар соли 2017 тахминан 20 корманди масъули вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои доштани вазни аз меъёр зиёд муваққатан аз вазифаҳои худ гирифта шуданд, гуфт вазир Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарие, ки рӯзи 8 феврал дар Душанбе ҷараён гирифт. Раҳимзода ба саволи хабарнигорон дар мавзӯи тадбирҳои марбут ба танзими вазни кормандони милиса дар Тоҷикистон дар мисоли раиси шӯъбаи кадрҳо гуфт: “Бубинед, худи раиси кадрҳо чӣ қадар лоғар шудааст. Шумо ӯро дар гузашта дида будед? Ӯ 15 килограмм вазнашро партофт. Худи ӯ мисоли аён аст”.
Дар пай вазир гуфт, он масъулоне, ки барои доштани вазни аз меъёр зиёд аз вазифа гирифта шуданд, баъди ба танзим овардани вазни худ дубора дар мақомашон барқарор мешаванд.
Талошҳо барои танзими вазни кормандони милиса дар доираи Барномаи хоси ислоҳи милиса анҷом мегирад. Чаҳор соли пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Стратегияи ислоҳоти милиса барои солҳои 2013-2020”-ро қабул кард, ки дар доираи он даҳҳо барнома барои ислоҳро рӯи даст гирифтааст ва яке аз ҳадафҳои муҳими он – касбӣ кардани кормандони милиса ва боло бурдани мизони эътимоди ҷомеа ба кормандони пулис мебошад.
Бар асоси як дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон вазни коргар бояд ба баландии қади ӯ мувофиқат кунад ва шиками бузург надошта бошад. Масалан, агар баландии қади корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 1 метру 70 сантиметр бошад, вазни ӯ набояд аз 70-75 кило бештар бошад.