Русия баргаи райъдиҳии интихоботи президентиро тасдиқ кард
Комиссияи Марказии Интихоботи Русия баргаи овоздиҳӣ барои интихоботи президентии моҳи марти соли 2018-ро тасдиқ кард. Акси барга рӯзи 8 феврал дар нашрияи "Ведомости" чоп шуд. Дар рӯйхат исми 8 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия навишта шудааст. Инҳо - Серегей Бабурин, Павел Грудинин, Владимир Жириновский, Владимир Путин, Ксения Собчак, Максим Сурайкин, Борис Титов ва Григория Явлинский мебошанд.
Ба ин тартиб, КМИР дар робита ба довталабони курсии президентӣ ба қарори мушаххас расид.
Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний, ки мақомот ӯро ба интихобот роҳ надоданд, рӯйхати номзадҳоро "бечораҳолона" тасвир кард. Навалний қаблан аз тарафдоронаш даъват кард, ки интихоботро "бойкот" кунанд.
КМИР номзадии президенти феълии Русия Владимир Путинро рӯзи 6 феврал сабт кард. Рӯзи чоршанбе Сергей Бабурин аз "Иттиҳоди умумихалқии Русия", Борис Титов аз "Ҳизби Рушд" ва раҳбари ҳизби "Яблоко" Григорий Явлинский шаҳодатномаи номзадӣ гирифтанд. Ксения Собчак аз ҳизби "Ибтикори шаҳрвандӣ" ва Максим Сурайкин аз "Коммунистҳои Русия" дар навбати ахир сабти ном шуданд.