Пентагон мегӯяд, ба нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон танк надодааст
Эрик Пайон, сухангӯи Пентагон, рӯзи 9-уми феврал гуфт, бар асоси тахминҳо 9 танки “Абрамс” баъди истифода аз сӯи нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон дар Сурия дубора ба артиши Ироқ баргардонда шудааст.
Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз таҷҳизоти дифоиро дар ихтиёри нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон қарор надодааст.
Амрико аз соли 2005 ба ин тараф фурӯши аслиҳа ва таҷҳизот, ба шумули дастикам 150 танки “Абрамс”-ро ба Ироқ тасвиб кардааст.
